Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳаммадиқболи Садриддин гуфт, мухолифон ҷунбиши нав таъсис доданд


Муҳаммадиқболи Садриддин
Муҳаммадиқболи Садриддин

Як гурӯҳ аз намояндагони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа ҷунбиши наверо таъсис додаанд. Раёсати “Ҳаракати ислоҳотхоҳон”-ро Муҳаммадиқболи Садриддин, мунтақиди тундлаҳни ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш дорад.

Вай рӯзи 6-уми август дар эъломияе ҳадафро “кӯтоҳ кардани роҳи бозгашт ба Ватан ва наҷоти мардум аз ҳукумати худкома ва оилавӣ” номид.

“Ин режим давлати моро ба дастгоҳи манофеъ барои хонаводааш табдил додааст. Ҳар рӯзе, ки ин режим бар сари қудрат аст, фақр, фасод, муҳоҷират, бедодӣ ва нобаробарӣ бештар мешавад,” – гуфта шудааст дар баёния.

Созмони нав баъди он ташкил шудааст, ки Муҳаммадиқболи Садриддин ва баъзе аз намояндагони Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ бо раҳбари он Муҳиддин Кабирӣ ворид баҳс шуда, истеъфои ӯро хостанд, чун ба гуфтаашон “на ислоҳот гузаронд ва на муборизаи ҷиддӣ кард”. Масъулони ҲНИТ чунин иддаоро напазируфтанд ва Кабирӣ дар моҳи майи имсол дигарбора раис интихоб шуд.

Муҳаммадиқболи Садриддин рӯзи 6-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз соли 1999 узви Ҳизби наҳзати исломист, вале ҳоло дар ҳаракате аст, ки “ислоҳот дар он мумкин аст”. Вокуниши ҲНИТ маълум нест.

Ӯ афзуд, созмони навро “гурӯҳе аз шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистон” таъсис додаанд, ки аксарият “дар даҳ соли охир, ба далели зулм ва таъқиб, дар хориҷ аз кишвар ба унвони паноҳанда ба сар мебаранд”. Муҳаммадиқболи Садриддин номи муассисон ва аъзои гурӯҳи тадорукотиро нагуфт. Танҳо ишора кард, ки шумораашон дар ҳоли ҳозир “зиёда аз дусад нафар аст” ва бештар дар кишварҳои аврупоӣ, Туркия ва Амрико.

Муҳаммадиқболи Садриддин 46-сола аст ва паноҳанда дар яке аз кишварҳои аврупоӣ. Ӯ солҳо боз дар сомонаи "Ислоҳ" ва саҳифаҳои ҳамноми он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз амалкарди мақомоти Тоҷикистон ба лаҳни тунд танқид мекунад. Дар гузашта мудири пойгоҳи "Васатият" буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон ӯро ба қаллобӣ гумонзад карда, додгоҳе дар Маскав ба паҳн кардани хабарҳои дурӯғ дар бораи ҷанги Русия дар Украина гунаҳкор донист. Худаш иттиҳоми ҷониби Тоҷикистонро бепоя дониста, гуфтааст, ба даъватҳояш барои нафиристодани тоҷикон ба ҷанги Русия ба Украина идома хоҳад дод.

Солҳо боз дар берун аз Тоҷикистон чандин созмони мухолифи ҳукумат фаъол ҳастанд, аммо масъулонашон ҳар чанд вақт ҳамдигарро ба нотавонӣ ва рақобати нодуруст танқид мекунанд. Мақомот агарчӣ онҳоро “ҷиддӣ” намепиндоранд, дар феҳрасти гурӯҳҳои мамнуъ ҷой дода, даҳҳо касро барои пайравӣ ё ҳамкорӣ бо онҳо боздошту зиндонӣ кардаанд.

Ҳоло бо изофа шудани “Ҳаракати ислоҳотхоҳон” рӯшан нест, пайванди нерӯҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа бештар хоҳад шуд ё ҷудоии онҳо.

XS
SM
MD
LG