Рӯзи 4-уми август дар Маскав муҳокимаи гумонбарон ба ҳамлаи террористии маргбор ба толори консертии "Крокус Сити Ҳолл" оғоз ёфт, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд. Дар ин ҳамла, ки шаби 22-юми марти соли 2024 рух дод, 149 кас кушта шуда, 609 нафар ҷароҳат бардоштанд. Кумитаи тафтишоти Русия мегӯяд, дар пушти ҳамла гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ меистад, аммо ҳамзамон дар ин ҳодиса изи Украинаро меҷӯяд. Украина ин иддаоро рад кардааст.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд:
- Фаридуни Шамсидин
- Далерҷон Мирзоев
- Муҳаммадсобир Файзов
- Саидакрам Раҷабализода
- Умедҷон Солиев
- Мустақим Солиев
- Шаҳромҷон Гадоев
- Зубайдулло Исмоилов
- Ҳусейн Ҳамидов
- Муҳаммад Шарифзода
- Ёқубҷон Юсуфзода
- Лутфуллои Назримад
- Ҷумъахон Қурбонов
- Исроил Исломов
- Диловар Исломов
- Аминҷон Исломов
- Ҳусейн Медов (Ингушистон)
- Ҷабраил Аушев (Ингушистон)
- Алишер Қосимов (Қирғизистон)
Ба гуфтаи мақомоти тафтишотии Русия, ҳамлаварони асосӣ чор шаҳрванди Тоҷикистон – Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсиддин ва Муҳаммадсобир Файзов- ҳастанд. Онҳоро баъди як шабонарӯзи ҳамла ба толори консертӣ дастгир карданд.
Дар расонаҳои Русия наворҳо аз толори додгоҳ пахш шуд, ки дар онҳо боздоштшудаҳо бо нишонаҳои шиканҷа дида мешаванд. Дертар дар Телеграм наворе пахш шуд, ки дар он гӯши яке аз дастгиршудаҳоро бурида, ба даҳонаш гузоштаву маҷбур мекунанд онро хӯрад. Ҳамчунин аксҳое пахш шуд, ки дар онҳо шиканҷаи боздоштшудаҳо бо дигар усулҳо намоён аст.
15 гумонбари дигар ба содир намудани амали террористӣ, мусоидат ба фаъолияти террористӣ, омодагӣ ба анҷоми фаъолияти террористӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд.
“Тафтишоти пешакӣ нисбат ба ду созмондиҳанда ва чор ширкатдори дигар идома дорад," -- гуфт, Светлана Петренко, намояндаи Кумитаи тафтишоти Русия. Ба гуфтаи ӯ, ҷиноят “бо ҳадафи ноором кардани вазъи сиёсӣ дар Русия” ва “ба манфиати роҳбарони феълии Украина” тарҳрезӣ ва анҷом шудааст.
Петренко афзудааст, баъзе аз гумонбарон нақша доштанд, ки ба як маркази дилхушӣ дар шаҳри Каспийи Доғистон низ ҳамла кунанд, “аммо ин ҷиноят пешгирӣ шуд.”
Ба фарзияи расмӣ, омодагӣ ба ҳамла ба “Крокус” чанд моҳ қабл аз анҷоми он оғоз шуда буд. “Баъзе гумонбарон дар хориҷ омӯзишҳои аввалияро гузашта, сипас ба Русия омаданд. Як гуруҳи дигар дар ҳудуди Русия буданд ва барои ҷиноят таҷҳизот ҷамъ карданд,” – гуфтааст намояндаи Кумитаи тафтишот.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Ба фарзияи мақомоти Тоҷикистон, бародари Далерҷон Мирзоев, яке аз гумонбарони ҳамла ба Сурия рафта, дар сафи ДОИШ кушта шудааст. Ба гузориши Радиои Озодӣ, Фаридуни Шамсиддин соли 2020 аз зиндон раҳо шуда буд. Ӯ барои хушунати хонаводагӣ зиндонӣ шуда буд. Ба ғайр аз ин, таҳқиқи Радио Свобода, бахши русии Радиои Озодӣ ва тарҳи "Схема" муайян кард, ки Фаридуни Шамсиддин дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо номи "Абдуллоҳ" фаъол будааст. Ҳамчунин ӯ дар Телеграм саҳифа доштааст, ки бори охир 18-уми феврали соли 2024 ба он ворид шуда буд. Рӯзноманигорон аниқ карданд, ки "ёвари руҳонӣ" маҳз тавассути Телеграм ба Фаридуни Шамсиддин тамос гирифта, барои анҷоми ҳамла ба ӯ 500 ҳазор рубл пешниҳод кардааст.
Рӯзноманигорон саҳифаҳои Фаридуни Шамсиддинро дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бо чандин ном буданд, санҷида, амалкарди ӯро то ҳамла ба «Крокус» аниқ карданд. Санҷиш нишон дод, ки Фаридуни Шамсиддин бори ахир 18-уми феврали соли 2024 аз саҳифааш дар Телеграм истифода бурда, 23-юми феврал дар саҳифаи дигараш дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси худро аз масҷиди Фотеҳи Истанбул ва аз як меҳмонхона дар ин шаҳр гузоштааст.
Хабарнигорони бахши тоҷикии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ бо наздикони Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони дигари ҳамла ба "Крокус" суҳбат карданд. Онҳо гуфтанд, фарзандашон "шахси диндор набуд" ва ният дошт, ки барои таҳсил ба Чин равад. Модари Муҳаммадсобир гуфт, фарзандаш барои кумак ба оила ба Русия рафта буд. Ӯ дар вилояти Иваноский сартарош буд ва ба падараш пул мефиристод. Ба гуфтаи наздиконаш, Файзов "ҳатто чӯҷаи парандаро озор намедод” ва барои ҳамин онҳо бовар доранд, ки ӯро ба дом афтондаанд.
Ба ғайр аз ҳамлаварон, тафтишот шахсони дигарро ҳам илова кард, то доираи васеи ҷинояткоронро нишон диҳад. Дар миёни онҳо Диловар ва Аминҷон Исломовҳо ва ҳамчунин падари онҳо Исроил низ ҳастанд. Александр Бастрикин, сардори Кумитаи тафтишоти Русия фавран баъди ҳамла ба Владимир Путин гузориш дод, ки Исломовҳо чор ҳамлавари асосиро бо хона ва мошин таъмин кардаанд. Бародарон Исломовҳо баъд аз онки мошини чанд рӯз пеш фурӯхтаашонро дар наворҳо диданд, худашон ба идораи пулис ҳозир шуданд. Аминҷон Исломов дар посух ба суоли додрас гуфт, бегуноҳ аст.
Боздоштшудаи дигар ошпаз Алишер Қосимов аст, ки хонаашро ба Фаридуни Шамсиддин ба иҷора додааст. Қосимов дар додгоҳ фарёд зад, ки “бигзор донанд, ки мо бегуноҳем.”
"Ман бовар намекунам"
Геннадий Гудков, афсари собиқи КГБ ва вакили мардумии собиқи Русия бо ишора ба ин шиканҷаи муттаҳамон гуфтааст, ки ба ончӣ ки мақомоти Русия мегӯянд, бовар надорад.
Ӯ гуфт: "Медонем, ки ҳамаи нишондодҳо дар ин парванда дар зери шиканҷа, латукӯб ва фишор гирифта шудаанд. Худи ин ҳамла бисёр шубҳаовар аст. Ман тамоман бовар надорам, ки гуруҳи “Давлати исломӣ” ба ин шева амал кунад. Кадом одами тасодуфиро аз интернет пайдо кунад ва онҳо дар ивази маблағи ночиз розӣ шаванд, кореро анҷом диҳанд, ки қотилони касбӣ мекунанд. Баъдан ин одамони касбӣ чунин хатои фоҳиш мекунанд, ба кадом мошини пора-пора нишаста, ба сӯи Украина фирор мекунанд. Онҳоро баъди қариб 700 километр боздошт мекунанд.
Дар парванда бисёр ҳолатҳои номувофиқатӣ дида мешаванд. То оташ гирифтани толор, дастгоҳҳои зиддисӯхтор ва камераҳо аз кор мемонанд. Дар бораи шумори тирҳо ҳам суолҳо ҳаст. Тирҳо чунон бисёранд, ки ягон автомат ба он тоб оварда наметавонад. Баъди чунин гарм шудан, мили силоҳ аз тирпаронӣ мемонад.
Ман тамоман ба ин тафтишот бовар надорам ва тахмин мекунам, ки ин кори кадом мақомоти махсус аст, кадом ниҳоди махсусе, ки метавонад дастгоҳҳои хомӯш кардани оташро аз кор барорад, камераҳоро хомӯш кунад ва амалиётро пинҳонӣ анҷом диҳад. Ман чунин таассурот дорам, ки дар пушти ҳамаи ин мақомоти истихборотии Русия меистад, ки шояд хостанд бо ин кор ҷомеаро тарсонанд вале он чизеро ба даст оварданд, ки интизорашро надоштанд. Ман бовар надорам, ки ин корро гурӯҳи тоҷиконе анҷом дода бошанд, ки ба воситаи интернет ҷалб шудаанд.”
"Агар ҳодисаи “Крокус” рух намедод..."
Баъди ҳамла ба “Крокус сити ҳол” дар Русия мавҷи муҳоҷирбадбинӣ боло гирифт. Чандин қонунҳои зиддимуҳоҷиратӣ қабул шуд, аз ҷумла таҳсили фарзандони муҳоҷиронро дар мактабҳо маҳдуд карданд. Ба гуфтаи ҳомии ҳуқуқ Каримҷон Ёров, бисёре аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия мераванд, чун зиндагӣ ва кор хатарнок шудааст.
Ёров гуфт: "Дар кишварҳои демократӣ ин ҳолат ҳеч гоҳ рӯй намедиҳад. Агар нишондод дар зери шиканҷа гирифта шавад, он эътибор надорад, вале дар Русия ин гуна нишондодро қабул доранд. Ман ин одамонро ҳимоя намекунам, намедонам, онҳо гунаҳкоранд ё не, вале дар кишварҳои дуруст ва мутамаддин шиканҷа манъ аст. Шахсоне, ки ҳамчун шарик дар ҷиноят номбар шудаанд - ҳар кас метавонист дар ҷои онҳо бошад. Онҳоро гунаҳкор медонанд, ки дар як қаҳвахона дар бозор ҳамроҳи террористҳои эҳтимолӣ хӯрок хӯрдаанд. Дар мо ҳамин хел қабул шудааст, ки ба ҳамдигар салом медиҳем. Ҳатто онҳое гунаҳкор дониста мешаванд, ки ба ин афрод хона иҷора додаанд. Нафаре боздошт шудааст, ки ба инҳо мошин фурӯхтааст. Кадом одами солимфикр мошинашро барои анҷоми чунин ҳамлаи террористӣ мефурӯшад?
Барои чӣ молики "Крокус сити ҳол" ҷаноби Агаларов масъулияти ҳалокати ин қадар одамро ба дӯш намегирад? Дарҳо баста буданд, дастгоҳҳои шамолдиҳанда кор накарданд, посбонон набуданд. Дар ҳолатҳои муқаррарӣ дар вақти гузарондани консерт кормандони пулис бо силоҳ меистанд. Барои чӣ онҳо набуданд? Ва инки чаро аз наздиктарин шуъба кормандони пулис наомаданд? Ман медонам, ки дар наздикии толор шуъбаи хурди пулис аст, барои онки чанд маротиба онҷо будам. Ман ҳис мекунам, ки муттаҳамонро дар ин кори сиёҳ истифода кардаанд.
Дар бобати муҳоҷирбадбинӣ – ин чиз ҳамеша дар Русия буд, вале баъди ҳамла ба “Крокус” ба таври назаррас зиёд шуд. Бисёриҳо талош мекунанд ягон роҳи дигар ёбанд. Бисёре аз муҳоҷирон ба Аврупо мераванд, як қисмашон ба Амрико мераванд, вале боз як қисми зиёд таваккал мекунанд. Кореяи Ҷанубӣ ба як макони машҳур табдил ёфтааст ва бисёр одамон ҳоло дар Қазокистон кор мекунанд. Дар онҷо аллакай беш аз як миллион муҳоҷири меҳнатӣ ҳаст. Муносибат бо муҳоҷирон дар Русия ҳамеша бад буд ва агар ҳодисаи “Крокус” рух намедод, мақомот боз ягон роҳи дигарро фикр мекарданд."