Хушунат нисбати кӯдакон дар Тоҷикистон 30 дарсад зиёд шудааст. Суҳайлӣ Қодирӣ, як масъули идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак рӯзи 4-уми август зимни як нишасти хабарӣ гуфт, танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ вобаста ба масъалаҳои зӯроварӣ дар оила ба онҳо 6 муроҷиат ворид шудааст.
Ӯ дар робита ба ҳодисаҳои ахире, ки кӯдакон аз ҷониби падару модар хушунат дидаанд, гуфт, ин гуна ҳолатҳо боиси нигаронӣ аст.
Чанд рӯз қабл марги Хусрав Одинаеви 15-сола дар шаҳри Турсунзода, ки аз шиканҷаи падар ҷон дод, сокинони Тоҷикистонро ваҳшатзада кард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ сару садои зиёдро ба миён овард.
Ҳамчунин, рӯзи 5-уми июл як кӯдаки шашмоҳа, ки аз сӯи модараш бо зарби корд захмӣ шуда буд, дар бемористони ноҳияи Шаҳритус фавтид.
Бархе аз равоншиносон мегӯянд, наврасон бештар замоне ба хушунат дар оила дучор мешаванд, ки падару модар миёни ҳам муноқиша доранд ё аз ҳам ҷудо шудаанд.
Ба таъкиди равоншиносон, зану шавҳар набояд дар ҳолати нофаҳмиҳо дар оила, аз фарзандон ҳамчун василаи фишор ба якдигар истифода баранд.