Бозигари нақши Ҷомиро бояд кастинг муайян мекард. Баҳс атрофи филми "Ҷомӣ ва Навоӣ"

Маҳмадсаид Пиров ва пайкараи Абдураҳмони Ҷомиву Алишер Навоӣ дар Душанбе

Тасмими ба Маҳмадсаид Шоҳиён, раиси идораи “Тоҷикфилм”, додани нақши Абдураҳмони Ҷомӣ, шоиру донишманди асри понздаҳ, дар як филми муштарак бо Узбекистон (Ҷомӣ ва Навоӣ) баҳс барангехт.

Даҳҳо нафар дар зери як матлаби Радиои Озодӣ дар Фейсбук навиштаанд, ки ҳарчанд Шоҳиён “ҳунарманди хуб аст”, чеҳраву ҷуссааш “бо нақш созгор нест”. Маҳмадсаид Шоҳиён дар филми "Ашк ва шамшер" ва "Дар орзуи падар" нақш бозида, дар гузашта мудири телевизиони “Сафина”, раиси Кумитаи телевизион ва радио буд ва ҳоло раиси идораи “Тоҷикфилм” аст.

"Як бор барои таърих филм бигиред, на барои шуҳрати худ"

Рӯзноманигор Ҳуриннисо Ализода гуфтааст: "Як бор барои таърих филми ҳақиқӣ бигиред, на барои шуҳрати худ. Дар тамоми дунё актёрро аз рӯйи ҳунар ва мувофиқаташ ба нақш интихоб мекунанд. Ҳатто аз дигар давлат артист меоранд, то филмашон воқеӣ барояд. Маҳмадсаид Шоҳиён, агар заррае барои миллат андеша кунад ё ғами кинои тоҷикро хӯрад, ин нақшро ба Нурулло Абдуллоев бисупорад."

Анисбек Ғоибов, яке аз корбарон низ бовар дорад, ки ба Маҳмадсаид Шоҳиён “нақшҳои прокурор, пулис, сарватманд ва ҷанговар мезебад." Ҷумъа Музаффаров пешниҳод кардааст, ки “бояд Нурулло Абдуллоев ё Ортиқи Қодир дар нақш бозӣ кунанд, чун хислати шоирона доранд.” Муҳаммад Ғоиб гуфтааст, “шояд аз иҷрои ин нақши бузург Худойназар Тилавов аз театри Кӯлоб ва Ҳотам Нуров баромада тавонанд.”

Кастинг буд?

Радиои Озодӣ ҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2024 хабар ёфта буд, ки дар баробари Маҳмадсаид Шоҳиён ҳунармандони дигар, аз ҷумла Қурбони Собир, Ортиқи Қодир, Абдулмуъмин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев, Мирзовалӣ Фозилов ва дигарон дар кастинг ё озмуни интихоби ҳунармандон иштирок карда, даъвогари нақши Абдураҳмони Ҷомӣ будаанд.

Як манбаи наздик ба “Тоҷикфилм” он замон гуфта буд, ки “ҳайати доварони кастинг моил ба интихоби Абдумуъмин Шарифӣ буданд, аммо Шоҳиён далел овард, ки нақши Навоиро аз ҷониби Узбекистон ҳунарманди бузургҷусса мебозад ва аз ҷониби Тоҷикистон ҳам бояд чунин ҳунарманд нақши Ҷомиро бозад. Ҳарчанд доварон гуфтанд, Ҷомӣ ориф ва начандон азимҷусса буд, ин далел ба эътибор гирифта нашуд”.

Коргардон Искандар Акрамзода ҳам дар шарҳи худ дар Фейсбук гуфтааст, “аз рӯйи шунидам, раиси “Тоҷикфилм” пеши созандагони филм шарт гузошта, ки агар ман роли Ҷомиро бозӣ накунам, ин филм сабт намешавад. Хандаовар! Яъне, раис тарафдори рол аст, на тарафдори синамои хуб."

Дар ин миён онҳое низ ҳастанд, ки аз Маҳмадсаид Шоҳиён ва ҳунару тавоноии ӯ ҳимоят кардаанд. Саъдӣ Маҳдӣ, раиси Академияи ВАО-и Тоҷикистон, мегӯяд, “ин фикри Шумост, ки Восеи боҳашамату қаҳрамон наметавонад Ҷомии шоиру хоксорро бибозад.” Дар ҳоле ки, ба гуфтаи ӯ, “Бен Кингсли ҳамеша нақши террорист, одамкуш ва мафиозро бозӣ мекард. Инак, ӯ дар нақши Авитсена бозӣ кард."

“Ба масхарабозӣ хотима диҳанд!”

Шаҳрияи Аҳтамзод, шоири тоҷик, ба ин бовар аст, ки “бигзор наворгирӣ дер ҳам оғоз шавад, нахуст дар нақши Мавлоно Ҷомӣ ҳунарманд пайдо кард, ба масхарабозӣ хотима диҳанд!!!”

Рӯзноманигор Сӯҳроби Зиё ҳам навиштааст, ки ба муваффақияти ин филми муштарак умеде намонда. Ба гуфтаи ӯ, “шояд масъулини “Тоҷикфилм” фикр кардаанд, ки ҳайкали Ҷомӣ нисбат ба пайкари Навоӣ дар филм бузургтар бошад, бартарии миллати аввалиро бар дуввумӣ нишон медиҳад. Ин қазоват хандадору бепоя аст. Ҳоло ки тоза филмбардорӣ шуруъ шуда, фурсат ҳаст ҳунарпешаи нақши Ҷомӣ иваз шавад... Шояд ба ин васила ин тарҳи муҳим аз шикаст наҷот ёбад. Дар ғайри сурат, нокомии ин филм яқин аст.”

Сабти филми Ҷомӣ ва Навоӣ рӯзи якуми август, баъд аз чор соли дастури роҳбарони Тоҷикистон ва Узбекистон дар шаҳри Душанбе оғоз шуд. Намояндагони идораи "Тоҷикфилм" хабар доданд, ки филмро дар моҳҳои август - ноябр дар ду марҳила ва дар Тоҷикистону Узбекистон ба навор мегиарнд. Дар Тоҷикистон қалъаҳои Балҷувон, Ҳисор ва Хуҷанд ҳамчун макони сабт интихоб шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон ин филмро василае барои нишон додани дӯстии шоирони классики тоҷику узбек, Абураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, медонанд, вале мунтақидон "сиёсӣ, идеологӣ ва холӣ аз накӯҳиши ҳокимон”. Як манбаи огоҳ гуфт, “Ҷомӣ ва Навоӣ” ба эҳтимоли зиёд бо забони русӣ сабт ва сипас ба тоҷикӣ ва узбекӣ тарҷума хоҳад шуд. Ҳанӯз маълум нест, филм кай намоиш дода мешавад.