Боздошти як сокини Ваҳдат барои ба "ғуломӣ" гирифтор кардани муҳоҷирон

Акс аз бойгонӣ.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти марде хабар дод, ки муҳоҷиронро ба Арманистон бурда, ба ғуломӣ гирифтор кардааст.

Дар иттилои Вазорат бидуни ном бурдан аз ин мард танҳо омадааст, ки ӯ 63- сола ва сокини шаҳри Ваҳдат аст.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, ин мард ҳамроҳ бо як сокини Қубодиён ва ҳам шаҳрванди Арманистон бо номи Бабаян Колия, моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта ҳадди ақал 9 нафарро бо ваъдаи кор ба Арманистон бурдаанд.

Вале ба гуфтаи мақомот, ин муҳоҷиронро дар Арманистон "ба асорати қарзӣ гирифтор намуда, шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои онҳоро аз дасташон бо роҳи фиреб ва маҷбуран гирифта, гаштугузори онҳоро маҳдуд кардаанд".

Назари боздоштшудаҳо ва ҳам ҷузъиёти бештари қазия маълум нест. Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, барои ин кор нисбати ду шаҳрванди Тоҷикистон ва Бабаян Колия, шаҳрванди Арманистон, бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноӣ кушодаанд. Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои ин иттиҳом аз 8 то 12 сол зиндонро пешбинӣ кардааст.

Ин бори аввал нест, ки муҳоҷирони тоҷик дар хориҷа ба ғуломӣ гирифтор мешаванд. Намунаи ахираш даҳ муҳоҷири тоҷик ҳастанд, ки моҳи декабри соли гузашта баъди се моҳ кор дар шароити сахт озод шуданд.

Ин муҳоҷиронро бо ваъдаи кор ба як фермаи говпарварӣ дар минтақаи дурдасти Магадани Русия бурда, ба гуфтаи худашон, ғуломвор кор мефармуданд. Баъди гузориши "Мигрант Медиа"-и Радиои Озодӣ, мақомот онҳоро наҷот доданд.