Дар Тоҷикистон хушунат нисбати занон бештар шудааст

Акс аз бойгонӣ

Намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оила мегӯянд, имсол дар Тоҷикистон зӯроварӣ нисбати занон бештар шудааст.

Ба иттилои расмӣ, дар нимаи аввали соли равон 763 зан аз хушунат шикоят кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 256 ҳолат бештар аст.

Мақомот мегӯянд, мардон ҳам аз бадрафтории ҳамсаронашон ба Кумитаи занон шикоят кардаанд. Бунафша Файзиддинзода, раиси ин Кумита гуфт, дар шаш моҳи аввали имсол 251 шикояти мардонро аз бадрафтории занон дарёфт кардаанд. Шикояти мардон аз хушунат дар қиёс ба соли гузашта 86 ҳолат камтар будааст.

Як пажӯҳиши Барномаи Рушди Созмони Милал дар гузашта нишон додааст, ки 67 дарсад дар Тоҷикистон ба ин боваранд, ки зӯроварӣ ба зан дар оила як кори маъмулист.