Ҳалокати ду нафар ҳангоми кандани чоҳ дар Ваҳдат  

Шаҳри Ваҳдат

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати ду нафаре хабар дод, ки ҳангоми кандани чоҳ дар ноҳияи Ваҳдат ҷон додаанд.

Дафтари матбуоти Кумита бо нашри як баёния гуфт, ҳарду нафар рӯзи 3-юми август “ба фалокат дучор омада, ҷони худро аз даст доданд.”

Дар ин баёния омадааст, ки ҳангоми кандани чоҳ дар як хонае дар маҳаллаи чаҳордаҳуми шаҳри Ваҳдат хоки зиёде ба сари ду нафар фурӯ рехтааст. Яке аз қурбониён 30 ва дигарӣ 46-сола аст.

Маъмурони наҷот ҳамроҳи маъмурони милиса ва кумаки мардум ҷасадҳоро соати 11-и шаб берун оварда, ба мақомот супурдаанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар як баёнияи дигаре аз марги ду наврас дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Сино дар Душанбе хабар додааст.

Дар баёния омадааст, ки як кӯдаки 8-сола аз деҳаи Хонободи Исфара рӯзи 3-юми август ҳангоми оббозӣ дар дарёи Исфара ва навраси 12-солаи дигар аз ноҳияи Сино рӯзи 2-юми август дар канали Ҳисор ғарқ шуда, ҷон додаанд. Наҷотбахшон ҷасади ҳардуро пайдо карда ва ба хешовандонашон супурдаанд.