Стивен Миллер, мансабдори баландпояи ҳукумати Амрико, Ҳиндро ба он муттаҳам кард, ки бо хариди нафти Русия ҷанги ин кишварро ба зидди Украина маблағгузорӣ мекунад. Дар ин бора хабаргузории “Ройтерс” гузориш дод.
Стивен Миллер, муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Амрико, ҳамзамон ба телевизиони “Фокс Нюс” гуфт: “Он чи ки раисҷумҳур, яъне Доналд Трамп рӯшан гуфт, ин аст, ки Ҳинд набояд бо хариди нафт аз Русия ҳамчунон ин ҷангро сармоягузорӣ кунад.”
Аз ин пештар расонаҳо бо такя ба манобеъе дар ҳукумати Ҳинд навиштанд, ки бо вуҷуди таҳдиди Доналд Трамп барои эъмоли таҳрим ба зидди харидорони нафти Русия, Ҳинд ҳамчунон ба хариди нафт аз Русия идома медиҳад.
Доналд Трамп рӯзи 14-уми июл гуфт, агар Русия бо Украина ба созиши сулҳ даст наёбад, Амрико аз кишварҳое, ки нафти Русияро мехаранд, боҷи иловагӣ меситонад.
Ҳинд 35 дар сади нафти зарурӣ барои худро аз Русия мехарад ва аз моҳи январ то июн рӯзона аз ин кишвар 1 миллион 750 ҳазор бушка нафт ворид кардааст.