"Гурӯҳи 24": "Хомӯшии режим на рамзи ҳушёрӣ, балки нишонаи таслим аст"

Акс аз бойгонӣ

Як созмони мухолиф ҳукумати Тоҷикистонро барои хомӯшӣ дар баробари душвории муҳоҷирон дар Русия сахт накӯҳиш кардааст.

"Гурӯҳи 24", фаъолияташ мамнуъ дар Тоҷикистон, дар баёнияе гуфт, "бо таассуф, режими Раҳмон дар назди ин зулму таъқибҳо хомӯш монда, на танҳо ҳимояи миллатро фаромӯш кардааст, балки бо ин хомӯшӣ ҳамдастиро нисбат ба озори муҳоҷирон нишон медиҳад."

Садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, вале солҳои охир таъқибу боздошт ва латукӯбу ихроҷи онҳо аз ин кишвар афзудааст.

Мақомоти Русия тасмими худро ба пешгирӣ аз ҷинояту ифротгароӣ пайванд медиҳанд. Ҷониби Тоҷикистон дар гузашта ва дар чанд мавриди ангуштшумор эътирози худро ба рафтори маъмурони амниятии Русия баён дошта, дар аксар ҳолат ё изҳори бехабарӣ мекунад ё сукутро авло медонад.

Баёнияи "Гурӯҳи 24" дар охири моҳи июли имсол ва пас аз изҳороти Иттиҳоди Аврупо нашр шудааст. Иттиҳоди Аврупо дар гузорише аз ҳукумати Русия хост, ки озор ва азияти муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷиконро бас кунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Танқиди Русия барои беэҳтиромӣ ба муҳоҷирони тоҷик ва танқиди Тоҷикистон барои...

"Солҳои охир, шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳрҳои мухталифи Русия, зери латукӯб ва боздоштҳои ғайриқонунии мақомот қарор гирифта, таҳқир ва бераҳмӣ аз ҷониби мақомоти низомӣ ва амниятӣ ба онҳо таҳмил мешавад. Ҳамаи ин амалҳо бо баҳонаи “амнияти миллӣ” сурат мегиранд, дар ҳоле ки бегуноҳии бештари боздоштшудагон ба таври возеҳ собит шудааст," -- гуфта шудааст дар баёнияи "Гурӯҳи 24".

Ин созмони мухолиф, ки бештари аъзояш дар Аврупо ҳастанд, мансабдорони тоҷикро танқид кардааст, ки "ҷуръати эълони изҳороти расмӣ ва ё ҳимоят аз шаҳрвандони худро надоранд." "Ин хомӯшии режими Раҳмон на рамзи ҳушёрӣ, балки нишонаи таслим мебошад," – омадааст дар баёния.

Бекорӣ дар Тоҷикистон ва ё музди кам дар корхонаву муассисаҳо солҳост, ки садҳо ҳазор мардуми кишварро маҷбур мекунад, ба Русия раванду музди беҳтар ба даст биёранд.

Аз ин ҷиҳат иқтисоди кишвар пойбанди пули муҳоҷирони корӣ шудааст, ки солона аз Русия миллиардҳо доллар ба оилаҳои худ мефиристанд ва ҳамингуна дар рушди иқтисоди ларзони Тоҷикистон саҳм мегиранд.