Имрӯз дар яке аз додгоҳҳои Маскав муҳокимаи гумонбарон ба ҳамлаи террористии маргбор ба толори консертии "Крокус" оғоз мешавад, ки аксарияташон шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.
Дар курсии гумонбарон дар ҷиноят 19 нафар нишастаанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Хабаргузории давлатии ТАСС мегӯяд, азбаски теъдоди ҳозирон дар мурофиа зиёд аст, он дар толори бузурги Додгоҳи шаҳри Маскав сурат мегирад.
Дар ҳамлаи террористӣ ба “Крокус” дар канори Маскав дар рӯзи 22-уми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд. Вале шумораи умумии осебдидагон то 2000 нафар эълон мешавад.
Мақомоти интизомии Русия Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов, Фаридуни Шамсиддин ва Саидакрам Раҷабализода, чаҳор муҳоҷири тоҷикро омилони асосии ҳамла номида, гуфтаанд, ки онҳо узви ҳалқаи “Хуросон”-и ДОИШ ҳастанд ва бо амру фармони ин гуруҳ ва ҳамдастии Хадамоти махсуси Украина ба толори консертии "Крокус" ворид шуда, ба сӯи мардум тирандозӣ карданд. Украина ин иддаоро рад кардааст.
Муфаттишони рус ҳамчунин муҳоҷирони тоҷикро ба он гумонбар медонанд, ки қасд доштаанд, дар шаҳри Каспийски Доғистон ҳам ба як маркази тафреҳӣ ҳамла кунанд. Иддаои наве, ки аз парванда берун омадааст.
Шеваи боздошти чор муҳоҷири тоҷик баъди ҳамла ин шубҳаву гумонро барангехт, ки шаҳрвандони Тоҷикистонро азобу шиканҷа додаанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигиранд. Маъмурони амниятии Русия вақти боздошти муҳоҷирони тоҷик гӯши яке аз онҳоро бурида, маҷбураш карданд, ки онро бихӯрад, ба тани дигаре барқ монданд ва саввумиро ба ҳадде зада буданд, ки ӯро дар аробаи маъюбон ва беҳушу беёд ба додгоҳ оварданд.
Гумонбари дигар бо сару рӯи сиёҳу варамида порчае аз селофан дар гардан дошт, ки умдатан барои нафасгир кардан истифода мебаранд.
Мақомоти Тоҷикистон дар таҳқиқи парванда ширкат надоштанд ва аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ба таври ҷиддӣ ҳимоят накарданд.