Баъзе аз муҳоҷирони афғон дар Тоҷикистон: "Аз хона берун намешавем"

Пули "Дӯстӣ" миёни Тоҷикистон ва Афғонистон

Пас аз он ки ҳукумати Тоҷикистон раванди боздошт ва ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз кишвар оғоз кард, шуморе аз онҳо мегӯянд, аз тарси боздошт, ҳатто барои хариди маводи мавриди ниёз аз хонаҳои худ берун намераванд. Бархе аз онҳо дар суҳбат бо бахши афғонистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтаанд, дар сурати бозгашт ба Афғонистон бо душвориҳои ҷиддӣ рӯбарӯ хоҳанд шуд.

Яке аз ин муҳоҷирон, ки нахост аз ӯ ном бурда шавад, бо шарти тағйири садояш ба Радиои Озодӣ гуфт, "худи ман ва дигар муҳоҷирон аз тарси он, ки пулис боздошт ва аз марз берунамон накунад, аслан аз хонаҳои худ берун намешавем. Худо накунад, ки яке аз аъзои хонаводаи мо бемор шавад ва маҷбур шавем, ки аз хона берун шуда, ӯро ба бемористон барем. Бисёр ба сахтӣ шабу рӯзи худро сипарӣ мекунем, мисли ин ки дар зиндон бошем".

Як хонуми дигари афғонистонӣ дар Тоҷикистон, ки ӯ низ нахост дар гузориш номаш гирифта шавад, мегӯяд, ба далели маҳдудиятҳои ҳукумати "Толибон" бар занон дар Афғонистон, нигарони бозгашти дуборааш ба ин кишвар аст.

"Агар ба Афғонистон биравам, дар хатар ҳастам, кӯдаконам хурдсол ҳастанд. Инҷо хуб аст, метавонам берун биравам ва кор кунам, то барояшон як луқма нон пайдо кунам, аммо дар Афғонистон наметавонам", -- гуфтааст ин хонуми афғон.

Ин нигарониҳо дар ҳоле матраҳ мешавад, ки Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират эълон кардааст, ки аз 17-уми июл то 3-юми август ҳудуди 1388 кас аз тариқи гузаргоҳи Панҷи Поён -- Бандари Шерхон аз Тоҷикистон ба Афғонистон баргаштаанд.

Ин ниҳод дар гузорише, ки рӯзи 4-уми август нашр кард, афзудааст, 89 дарсади ин афрод ба таври маҷбурӣ берун карда шудаанд. Бар асоси ин гузориш, 49 дарсади бозгаштаҳо мард, 38 дарсад зан ва 13 дарсад кӯдакони зери панҷсола ҳастанд.

Дар ҳамин муддат, ҳудуди 474 тан низ аз Афғонистон ба Тоҷикистон рафтаанд.

Созмони Байнулмилалии Муҳоҷират мегӯяд, 57 дарсади онҳо бинобар аз даст додани кор, 39 дарсад барои сафар ба кишварҳои дигар ва 16 дарсад барои дидор бо хонавода, вориди Тоҷикистон шудаанд.

Раванди ихроҷи муҳоҷирони афғон аз Тоҷикистон пас аз он шиддат гирифт, ки ба гуфтаи шуморе аз муҳоҷирон, нерӯҳои амниятии тоҷик ба таври шифоҳӣ ба онҳо 15 рӯз муҳлат дода буданд, то хоки Тоҷикистонро тарк кунанд. Ин мӯҳлат 21 июл ба поён расид.

Пеш аз ин шуморе аз муҳоҷироне, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бозгаштанд, ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки бо вуҷуди доштани санадҳои қонунӣ, боздошт ва ихроҷ шудаанд.

Яке аз масъулини расонаҳои Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, ки аз сӯи Муҳаммад Заҳир Ағбар раҳбарӣ мешавад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки онҳо хоҳони таваққуфи раванди ихроҷ ва тамдиди иқомати муҳоҷирони афғон шудаанд, аммо то кунун посухе расмӣ аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон дарёфт накардаанд.

Мақомоти тоҷик дар моҳи июл ба таври расмӣ ихроҷи муҳоҷирони афғонро аз Тоҷикистон тасдиқ карда, сабабҳои онро шарҳ дода буданд.

Маркази матбуоти Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июл бо нашри як изҳорот гуфт, муҳоҷирати шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст ва бархе аз онҳо "ғайриқонунӣ" вориди кишвар шудааанд ва шуморе аз онҳо "низоми муқарраргаштаи будубошро дағалона вайрон мекунанд".

Ба гуфтаи манбаъ, санҷишҳо маълум кардаанд, ки "ин афрод дар ташвиқу тарғиби ақидаҳои ҳаракатҳои экстремистӣ, пешниҳоди маълумот ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ барои соҳиб шудан ба мақоми гурезагӣ, вайрон кардани талаботи низоми муҳоҷират, доштани шаҳрвандии кишвари севум, истифода кардани қаламрави Тоҷикистон ҳамчун кишвари транзитӣ ва муомилаи ғайриқонунини маводи мухаддир", даст доштаанд.

Аммо Нерӯҳои марзбонӣ ҳеч далел ё омореро дар ин бора зикр накарданд. Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки берун кардани шумори муайяни шаҳрвандони Афғонистон аз қаламрави Тоҷикистон, дар ҳамин чорчӯба сурат мегирад.

Бар асоси омори ниҳодҳои кор бо муҳоҷирон, ҳудуди 13 ҳазор паноҳҷӯи афғон дар Тоҷикистон сабт шудаанд, ки бештарашон дар интизори интиқол ба кишварҳои севум ҳастанд.