ТАСС: Гумонбарони асосии ҳамла ба "Крокус" изҳори пушаймонӣ карданд 

Ба гузориши расонаҳои давлатии Русия, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода – чаҳор шаҳрванди Тоҷикистон, ки омилони асосии ҳамла ба толори "Крокус" номбар мешаванд, ба гуноҳи худ иқрор шуда, изҳори пушаймонӣ кардаанд.

Дар ин бора хабаргузории давлатии ТАСС рӯзи 4-уми август аз қавли вакили мудофеъ Людмила Айвар хабар додааст. Айвар намояндаи ҳуқуқии 127 ҷабрдида аст.

Муҳокимаи гумонбарони ҳамла ба "Крокус" рӯзи чоруми август дар пойтахти Русия сар шуд, аммо паси дарҳои баста сурат мегирад.

Людмила Айвар гуфтааст, "баъд аз хондани айбнома омилони асосии ҳамлаи террористӣ изҳор доштанд, ки ба гуноҳи худ пурра иқрор мешаванд ва аз кардаашон пушаймон ҳастанд."

Ба қавли вай, Фаридуни Шамсиддин, Далерҷон Мирзоев, Муҳаммадсобир Файзов ва Саидакрам Раҷабализода аз ҷабрдидаҳо маъзарат хостаанд.

"Файзов изҳор дошт, ки аз ҷавонии ӯ суистифода карда, ӯро фиреб додаанд, вагарна худаш нақшаҳои дигаре барои зиндагӣ дошт," – афзудааст вакили мудофеъ.

Дар курсии гумонбарон ба ҷиноят 19 нафар нишастаанд, ки ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.

Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024 149 нафар нафар кушта ва 609 каси дигар маҷруҳ шуданд.

Мақомоти Тоҷикистон дар таҳқиқи парванда ширкат надоштанд ва аз ҳуқуқи шаҳрвандони худ ба таври ҷиддӣ ҳимоят накарданд.

Рӯзи 4-уми август дар нишасти хабарии Омбудсмен ё Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз ӯ пурсиданд, ки оё намояндагони онҳо дар муҳокима ҳузур хоҳанд дошт ё не. Умед Бобозода гуфт, “мурофиа ҳама вақт озод аст, шояд ширкат кунем, ба шарте ки дар ҳамонҷо ҳузур дошта бошем."