Раисҷумҳури Украина гуфт, дар ҷанги Русия ба зидди ин кишвар зархаридони хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон ҳам дар ҷабҳаи аввали ҷанг ширкат мекунанд.
Владимир Зеленский рӯзи 4-уми август, ҳангоми боздиди ғайриинтизор аз вилояти Харкови ҳаммарз бо Русия бо сарбозони украинӣ дар бораи истифодаи паҳподҳо дар ҷанг суҳбат кард.
Ӯ сипас дар баёнияе дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, "ҷанговарони мо дар ин қисмат дар бораи ширкати зархаридон аз Чин, Тоҷикистон, Узбекистон ва Покистону кишварҳои африқоӣ дар ҷанг гузориш медиҳанд. Мо ба ин посух хоҳем дод."
Ҳукумати Покистон иддаои Зеленскийро беасос хонда, гуфт, ки ба онҳо дар бораи ҳузури покистониҳо дар ҷанги Украина ҳеч далеле нишон надодаанд.
Вокуниши ҷониби Тоҷикистон маълум нест, аммо дар бораи ҳузури тоҷикон дар ҷанги Русия ба зидди Украина то кунун гузоришҳои зиёде нашр шудаанд. Аз ҷумла, Радиои Озодӣ дар бораи кушта шудани даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар ҷанги Украина ва ё маҷбурӣ аз кӯчаву зиндон ба артиши Русия бурда шудани онҳо гузориш дод.
Чанде пеш тарҳи давлатии "Зистан мехоҳам" (Украина) номи бештар аз 900 зодаи Тоҷикистонро нашр кард, ки бо артиши Русия қарордод баста, дар ҷанг ширкат кардаанд ва тақрибан 200 нафарашон ҳам кушта шудаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: 931 зодаи Тоҷикистон дар Украина ҷангида, 196 нафари онҳо кушта шудаандЯк таҳқиқоти рӯзноманигории Би-би-сӣ ва "Медиазона" ҳам номи 72 шаҳрванди Тоҷикистонро маълум кардааст, ки аз тарафи Русия ба ҷанги Украина рафта, он ҷо кушта шудаанд.
Теъдоди дақиқи зодагон ё шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҷанги Русия зидди Украина ҷалб шудаанд, маълум нест. Мақомоти Тоҷикистон соли 2023 танҳо сад мавриди ҷалби маҳбусони тоҷикро аз зиндонҳои Русия ба ҷанг тасдиқ карда, дигар дар ин бора маълумоте надодаанд. Танҳо дар чанд маврид аз муҳоҷирон хостаанд, ки ба ҷанги бегона нарванд, чун ҷавобгарӣ дорад.