Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон дар як таҳқиқи худ сатҳи фасод дар бахшҳои маориф ва тандурустиро нигаронкунанда унвон карда буд.
Баръакси масъулони "Тоҷикстандарт", дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳодатномаи ҳатмӣ барои овардани бензин ба нархи ин наъви сӯзишворӣ бетаъсир нахоҳад буд.
Баръакси масъулони “Тоҷикстандарт”, дар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфтанд, ки шаҳодатномаи ҳатмӣ барои овардани бензин ба нархи ин наъви сӯзишворӣ бетаъсир нахоҳад буд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон як сабаби маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба хонаҳои мардум "суръати рушди иқтисод" номид. Бархе ба дурустии он шубҳа доранд ва, баръакс, содироти нерӯи барқро ба хориҷа далели асосӣ медонанд.
Cоли гузашта дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ба як бемории хатарноке гирифтор шудаанд, ки аз ҳайвон сироят мекунад ва дар сурати саривақт муолиҷа накардан, инсонро мекушад.
Ташвишу шикояти сокинони Тоҷикистон дар мавриди бо маҳдудият гирифтани нерӯи барқ рӯзҳои охир бештар шудааст. Дар ҳоле ки мақомот барои содир кардани он ба баъзе аз кишварҳои ҳамсоя қарордоди нав имзо карданд.
Тоҷикистон ва Қазоқистон нақша доранд, ки додугирифтро ба ду миллиард доллар расонанд. Мурат Нуртлеу, муовини сарвазир ва ҳамзамон вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, 25-уми январ дар поёни сафари расмияш ба Тоҷикистон дар ин бора изҳорот дод.
Баръакси интизории деҳқонон зимистони имсола дар Тоҷикистон камбориш омада, хатари нагирифтани ҳосили дилхоҳро бештар кардааст.
Сар аз якуми январи имсол маоши низомиёни тоҷик, кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон боло бурда шуд.
Наздикони Мирзокарим Назаров, бародари Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифои Тоҷикистон мегӯянд, ки Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури Душанбе манзили онҳоро дар кӯчаи Қаротегини пойтахт ба фоидаи Кумитаи сармоягузорӣ мусодира кардааст.
Баъди 5 рӯзи сафари вазири умури хориҷии Туркия ба Тоҷикистон, сафири ин кишвар дар Душанбе аз натиҷаи он дар ҳузури хабарнигорон суҳбат кард. Дипломати турк сафари Ҳоқон Фиданро ба Душанбе бомуваффақият арзёбӣ карда, ҳамчунин, мавқеи кишварашро ба баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон баён дошт.
Вокунишҳо аз Тоҷикистон ба гузориши нави Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch), ки вазъи ҳуқуқи одамонро дар кишвар боис ба ташвиш хондааст, яксон нест.
Додситони кули Тоҷикистон таҳқиқи парвандаи Акмал Юсуфзода, подполковники Вазорати корҳои дохилиро ба анҷом расондааст. Юсуфзода ба рабудани Исмоил Раҳмонов, омӯзгори Донишгоҳи тиҷорат муттаҳам аст.
Пайвандони як ҷавон аз шаҳри Ваҳдат мегӯянд, бо гузашти се моҳ аз лаҳзаи боздошт намедонанд, ки ӯ дар чӣ ҳол аст ва ҷараёни таҳқиқи парвандааш ба куҷо расида.
Аксар сокинони як маҳаллаи лӯлинишин дар Тоҷикистон аз талбандагӣ ё касби, ба гуфтаи худашон, “бобоӣ” даст кашида, бештар ба муҳоҷирати корӣ рӯй овардаанд. Шодоб-1 бо зиёда аз дусад оила дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ҷойгир аст.
Нархи телефонҳои мобилӣ дар мағозаҳои Тоҷикистон гарон шудааст. Харидорон мегӯянд, телефони мобилиро назар ба рӯзҳои пеш 15-20 дарсад гаронтар мехаранд. Тоҷирон сабаби инро ба сабти IMEI ва расмиёти гумрукӣ рабт доданд.
Ёфтҳои бештар