Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Пулиси ноҳияи Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷоли келину хушдоман, ки навораш дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсбарангез шуд, оғоз кардааст.
Идораи шуъбаи корҳои дохилии Шаҳринав ба таҳқиқи ҷанҷолу занозании аъзои як хонавода оғоз кардааст, ки видеои ҷанги онҳо ҳаёҳуеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барпо кард. Мавзӯи баҳс - занозании арӯс бо модаршавҳараш аст ва ҳарду тараф гуноҳро ба гардани ҳамдигар бор мекунанд.
12-уми июн Рӯзи байнулмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон пайваста мегӯянд, ки барои пешгирӣ аз меҳнати хурдсолон мубориза мебаранд, аммо нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад.
12-уми июн Рӯзи байналмилалии мубориза бо кори кӯдакон аст. Мақомоти Тоҷикистон иброз медоранд, ки барои пешгирӣ аз кори кудакон мубориза мебаранд ва ин раванд коҳиш ёфтааст. Вале як нигоҳе ба кӯчаву бозорҳои шаҳри Душанбе баръакси онро нишон медиҳад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон мудири ширкатеро, ки занони тоҷикро барои кор ба Арабистони Саудӣ мефиристод, ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст. Мақомот ӯро ба одамфурӯшӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва сохтакорӣ гунаҳкор кардаанд. Пештар худи ӯ гуфта буд, ки гуноҳ надорад.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Ҷамолиддин Расулов, раиси собиқи ширкати “Ҷамол-2012”-ро ба гуноҳи қочоқи инсон ва сохтакории ҳуҷҷатҳо ба 12 сол зиндон маҳкум кардааст.
Гуруҳе аз тоҷирон дар бозори марказии шаҳри Турсунзода шикоят доранд, ки маъмурият бо талаби “ҳақ” монеи корашон шудааст. Дар идораи "Тоҷикматлубот”-и Турсунзода, ки бозор зери итоаташ ҳаст, шикояти тоҷиронро “беасос” номида, баръакс, баъзеи онҳоро ба саривақт надодани пули иҷора гунаҳкор карданд.
Дар пасманзари боздошту латукӯби муҳоҷирони тоҷик сафари вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба Душанбе нохудогоҳ ба ин воқеаҳо рабт дода шуд.
Евгений Феденов, сокини шаҳри Душанбе, ҳар рӯз аз миёни партовгоҳҳо маводи пластикиро ҷамъ оварда, ба корхонае мефурӯшад. Барои як килои он ба ӯ ду сомонӣ медиҳанд. Чунин партовҳоро гоҳе аз кӯчаву хиёбону гулгаштҳо ва оби рӯду ҷуйборҳо низ пайдо мекунад.
31 май рӯзи бидуни тамоку эълон шудааст. Як пурсиши Радиои Озодӣ дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки сокинон дар бораи тамоку ва зиёни он назари яксон надоранд. Бар асоси омори соли 2018, дар Тоҷикистон беш аз ним миллион нафар тамоку мекашанд. Шумораи дақиқи онҳо дар ҳоли ҳозир маълум нест.
Раҷаб Таййиб Эрдуғони 69-сола дар гузашта сарвазир буд ва чанд соли охир раиси ҷумҳурии Туркия. Натиҷаҳои интихоботи 28-уми май ба ӯ иҷоза медиҳанд, ки то соли 2028 дар қудрат бимонад.
Дар Тоҷикистон 26-уми май Рӯзи адвокатура эълон шудааст.
"Вақте маош кам ва дар хона мушкилӣ бисёр аст, дар мактаб кор карда наметавонед. Фикр ҳамеша парешон аст. Меандешед, ки чӣ гуна ва аз куҷо даромади зиёдтар гиред."
Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, 19-уми майи соли 2013 ҳангоми бозгашт аз Фаронса ба Душанбе дар фурудгоҳ дастгир шуд.
Сокинони Тоҷикистон бе нишон додани шиноснома наметавонанд “селитра”, як навъи маъмули нурии минералиро харидорӣ кунанд. Фурӯшандагон инро талаби мақомот меноманд, вале мақомот қазияро шарҳ намедиҳанд.
Будани нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар наздикии хонаҳо дар Тоҷикистон боис ба ташвиши мардум шудааст. Солҳои охир бар асари сӯхтор ва таркиш дар чунин нуқтаҳо чандин нафар ҷон бохтаву захмӣ гардиданд.
Кӯҳансолтарин сарбози тоҷик дар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ хотироти худ аз 80 соли пешро ба Радиои Озодӣ нақл кард.
Нуқра Назарова, сокини ноҳияи Нуробод, шикоят дорад, ки писари донишҷӯяшро маҷбурӣ ба артиш бурдаанд. Масъулони комиссариати ҳарбӣ рафтори худро қонунӣ донистанд, чун ба иддаои онҳо "ҷавон аз донишгоҳ ронда шуда буд".
Дар кӯчаҳои шаҳри Душанбе дар қатори мошинҳои дигар акнун ягон-ягон мошиҳои барқӣ ҳам дида мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, дар 6 моҳи аввали соли гузашта ба Тоҷикистон аз хориҷа 130 мошини барқӣ ворид шудааст.
Ёфтҳои бештар