Шаҳрвандони Тоҷикистон то 1-уми август бояд корти бонкӣ бигиранд ё ҳамёни мобилӣ кушоянд. Дар акси ҳол наметавонанд андоз, боҷи давлатӣ, пули хадамоти коммуналӣ ва ҳатто ҷаримаро супоранд. Хабарнигорони Озодӣ аз сокинони пойтахт ва меҳмонон пурсиданд, ки оё барои гузариш ба ин низом омодаанд?