Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Як корхонаи бузурги саноатӣ дар ҷануби Тоҷикистон аз пули барқ миллионҳо сомонӣ қарздор шудааст. Ин дар ҳолест, ки корхонаи нассоҷии “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” чанд соли пеш дар ҳамкорӣ бо сармоягузорони Чин бунёд шуда, ҳар моҳ даҳҳо миллион сомонӣ даромад мегирад.
Дар Тоҷикистон дарёфти иҷозатномаи заршӯйӣ душвор шудааст. Вазорати молия ба сокинон иҷоза додааст, ки бо даст тило ҷустуҷӯ кунанд, вале як ширкат ба онҳо кор дар мавзеи зархезро манъ кардааст.
Аз устодони унвондор диктант гирифтан дар Донишгоҳи Данғара вокунишҳои гуногунро ба миён овардааст. Раиси ин донишгоҳ дар чаҳорчӯби як иқдом барои баланд бардоштани саводу дониш аз устодон диктант гирифта аст. Дар миёни ширкаткунандагон мудирони факултаҳо ва номзадҳои илм низ буданд.
Радиои Озодӣ дар бораи садамаи мудҳиши шоми 6-уми август дар шаҳри Кӯлоб, ҷузъиёти бештар пайдо кард. Тибқи иттилои дарёфтӣ, аз миёни 10 қурбонии ҳодиса се нафар занони аз 49 то 59-сола, як ноболиғи 14 ва боқимонда ҷавонони то 26-сола ҳастанд.
Беш аз даҳ ҷасади қурбонии садамаи шоми 6-ум август дар Кӯлобро ба сардхона интиқол додаанд.
Додгоҳи минтақаи Кӯлоб ҳукми се милисаи гумонбар дар марги Абдуқаҳҳор Розиқов, сокини шаҳри Кӯлобро эълон кард. Ҳар кадоми онҳо ба 14 солии зиндон маҳкум шуданд.
Додситонии вилояти Хатлон Рустам Нозимзода, муовини сардори Шӯъбаи бозрасиии давлатии автомобилии ноҳияи Восеъро дар садамаи марговар айбдор донистааст.
Ҷанҷоли ду ҳамсоя дар Кӯлоб, ки соле пеш аз мушту лагад то ба кордзанӣ анҷом ёфта буд, дар долонҳои додгоҳу додситонӣ ҳанӯз давом дорад. Ҳамсояе, ки худро ҷабрдида медонад, даъво дорад, ки кордзанро мақомот ҷазои кам додаанд
Шояд бовар накунед, вале дар шаҳри Кӯлоб фақат як истгоҳи автобус боқӣ мондааст. Шаҳре, ки 200 ҳазор аҳолӣ дорад ва аз шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Кӯлоб севумин шаҳри бузурги Тоҷикистон аст ва мусофирбару хатсайр дорад, аммо истгоҳи мусофирбарӣ нест. Сокинон мегӯянд, дар гармиву сардӣ ва зери офтобу барфу борон азият мекашанд. Се сол пеш бо баҳонаи бозсозӣ истгоҳҳои куҳнаро чаппа карда буданд, вале чаро ҳанӯз насохтаанд?
Додгоҳи ноҳияи Фархор қаҳрамони ба истилоҳ манфии як видеоеро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳси доманадореро барангехт, ҷарима бастааст. Бегаҳмад Назаровро барои задан ва осеб расондан ба ҳамсояаш Моҳихубон Тилавова ҷазои маъмурӣ доданд, вале ҷабрдида мегӯяд, розӣ нест.
Ба як чашмаи хурд дар Кӯлоб моҳиёни нодир баргаштаанд. Ба қавли сокинон, моҳиёни ин чашма, ки гоҳе ранг иваз мекунанд, муъҷизаноканд. Чашмаву моҳиёни нодири он дар гузориши Маҳмудҷон Раҳматзода.
Дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон ба одамони бекор ва муҳоҷирони баргашта аз Русия ҷойи кор офаридаанд. Онҳо патент намегиранд ва ҷойи хобашон ҳам дар канори волидон ё ҳамсару фарзандон наздик аст. Корхонаро ҷавоне сохта, ки замоне зери дасти чиниҳо кор мекард.
Соли гузашта мардум аз камчин ва гарон буданаш шикоят доштанд, имсол деҳқонҳо аз арзон шуданаш. Дар ноҳияи Фархор мавсими ҷамъоварии тарбузу харбуза ҷараён дорад. Қисмеро аз онҳо харида ба Беларус бурдаанд, қисмеро ба бозорҳои дохилӣ мебароранд.
Дар як деҳаи ноҳияи Муъминобод ҳодисаи ғайриодие рух додааст, ки бархеҳо онро хашми табиат ба инсон меноманд. Дар ин ноҳия манзили як сокин аз зарби раъду барқ оташ гирифт, ки дар Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа гуфта мешавад.
Фаршҳои шикаставу рехта, дару тирезаҳои боз ва ҳоли ногувор. Ин тасвири клуби фарҳангии деҳаи Сари Осиё дар Кӯлоб аст.
Зафар Мирзоён, донишманд ва ховаршиноси тоҷик, шаби 7-уми июн дар 74-солагӣ даргузашт. Ӯ як ҳафта пеш бемор ва дар шифохона бистарӣ шуда, бо ҳамин ба худ наомад. Хонаводааш гуфтанд, аз дарди меъда ва рӯда ранҷ мебурд.
Ёфтҳои бештар