Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар соли 2010 ду нимпайкараи Саидалӣ Вализода, шоири маъруфи тоҷикро сохта буданд. Яке барои Кӯлоб, дигаре барои зодгоҳаш – Ховалинг.
Cатҳи оби обанбори "Норак" чаҳор метр поин шудааст. Мақомот сабаби камии обро ба сардиҳои моҳи январ пайванд доданд. “Нисбат ба соли гузашта чаҳор метр паст аст. Ба сабаби онки дар айёми сардӣ барқ доданд. Сарфи барқ ҳам зиёд шуду оби обанбор ҳам," – гуфт раиси шаҳри Норак Дилшод Асосозода.
Масъулини идораи "Тоҷикстандарт" дар Кӯлоб аз Ҳукумати кишвар хостаанд, барои санҷиши маҳсулоти сохтмонӣ дар ин минтақа озмоишгоҳе бунёд кунад. Ҳоло онҳо имкони тафтиши чунин маҳсулотро надоранд.
Дар Хатлон муовини раиси ноҳияи Восеъ боздошт шудааст. Додситонӣ ӯро ба берун рафтан аз ваколатҳои хидматӣ гумонбар медонад. Маълум нест, худи Алихон Худоёрзода дар бораи иттиҳом чӣ назар дорад. Зоҳиран парванда ба тақсими замин рабт мегирад, ки солҳои ахир як мушкили доғ дар Тоҷикистон шудааст.
Алихон Худоёрзода, муовини раиси ҳукумати ноҳияи Восеъ, ки масъули сохтмон ва тақсими замин буд, дастгир шудааст. Мақомот хабарро тасдиқ карда, аммо ҷузъиёт надоданд. Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, Худоёрзода ҳафтаи гузашта боздошт шуд.
Нишасти матбуотии раиси вилояти Хатлон бе эълони расмӣ баргузор шуд ва ба он журналистонро интихобӣ даъват карданд.
Як фаъоли маданӣ дар Тоҷикистон пешниҳоди таъсиси ҷамъияти "Зардуштиёни Тоҷикистон"-ро кардааст.
Сокинони Кӯлоб чанд сол аст, ки аз сел осеб мебинанд. Ин офати табиӣ дар баробари хароб кардани роҳу манзилҳо, ба ҷони инсонҳо ҳам хатар дорад.
Оламбӣ Наимова дар синфи севум ва дар як мактаби миёнаи ноҳияи Муъминобод мехонад. Ба сабаби маъюбӣ ва сармову ях бастани роҳҳо наметавонад, ба дарс равад. Дӯстонаш, Маликаву Омина, ӯро танҳо намемонанд ва дарсро бо ӯ такрор мекунанд.
Сардии ду ҳафтаи охир дар Тоҷикистон камбуди ҳаммоми умумӣ барои занонро ошкор кард. Баъзе аз бонувони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар хонаҳояшон дар Душанбе ва Бохтару Хуҷанд об надоранд, вале барои шустушӯ ҳаммоми занонаи мувофиқ низ намеёбанд.
Дар пайванд ба марги сарбоз Лутфуллои Давлатмаҳмад як афсари нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҷавобгарӣ кашидаанд. Майор З.Муродов "ба муносибати хунукназарона" (қисми яки моддаи 392-и Кодекси ҷиноӣ) муттаҳам аст, ки ба марги сарбози қисми сарҳадбонии ноҳияи Панҷ сабаб шуда.
Сардиҳои камсобиқаи зимистони имсол маъмурияти ягона боғи ҷонваронро дар шаҳри Кӯлоб ба ташвиш овардааст.
Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, дар ҷануби Тоҷикистон, имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд, ки Саидакрам Сироҷев барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад. Назарҳо ба кори ӯ яксон нест.
Бозигарон ва мураббии дастаи "Ҳулбук" дар ҷануби Тоҷикистон имомхатиби масҷидро раҳбари даста интихоб карданд. Онҳо умед доранд,ки Саидакрам Сироҷев, барои пешрафти даста ва роҳ ёфтани он ба мусобиқаҳои баланд мусоидат мекунад.
Дилноза Маматова дар ду соли гузашта хобро ба қавле дар хобаш мебинад. Панҷгоникҳо намегузоранд, ки чашмонашро бибандад. Яке бесабаб мегиряд, дигарӣ аз гуруснагӣ. Саввумӣ шӯху ноором аст.
Ду соли пеш дар ҳамин шабу рӯз дар Тоҷикистон панҷгоник ба дунё омад. Волидайни тифлон мегӯянд,бо бузург шудани кӯдакон ташвиши онҳо камтар нашудааст ва парасторияшон бо мушкил даст медиҳад.
Додситонии Кӯлоб ба таҳқиқи марги як сарбозе аз ноҳияи Восеъ оғоз кардааст, ки фақат ду моҳ пеш барои хидмат ба артиш рафта буд. Лутфуллои Давлаҳмад 26-сола, ки ва як дар қисми марзбонӣ дар ноҳияи Панҷ хизмат мекард, субҳи 7-уми январ даргузаштааст.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъди 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла муассисаҳои давлатӣ маҷбур аст, корхонаашро барҳам бидиҳад. Ӯ иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор мебошад. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
Як соҳибкор дар шаҳри Кӯлоб мегӯяд, баъд аз 15 соли фаъолият бо айби фармоишгарон, аз ҷумла идораҳои давлатӣ, маҷбур аст, корхонаи сафолсозияшро барҳам бидиҳад. Исмоил Идрисов иддао дорад, ки ҳукумати маҳаллӣ аз ӯ даҳҳо ҳазор сомонӣ қарздор аст. Идораи молияи шаҳр рад мекунад.
Дар Хатлон мавсими нави бузкашӣ бо пирӯзии човандоз аз Узбекистон оғоз ёфт. Аввалин сабқати бузкашӣ дар соли равон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин баргузор шуд.
Ёфтҳои бештар