Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дар соҳили рӯди Панҷ, аз тарафи Афғонистон, садҳо нафар ҳар рӯз машғули заршӯйӣ ҳастанд. Толибон ба мардуми камбизоати онҷо иҷоза додаанд, ки зар биёбанду зиндагиашонро пеш баранд.
Дар заминҳои обии ноҳияи Данғара, ки ҳосили аввалаш – гандумро бардоштанд, моҳи август бояд кишти такрорӣ сурат мегирифт.
Рӯзи 1-уми сентябр соли нави таҳсил дар мактабу донишгоҳҳои Тоҷикистон шуруъ шуд. Имсол беш аз 272 ҳазор бори аввал ба мактаб рафтанд. Дар рӯзи аввали таҳсил мақомот аз нарасидани омӯзгорон дар мактабҳо нигаронӣ карданду донишгоҳҳо аз камбуди донишҷӯён.
Рӯзи 1-уми сентябр дар як деҳаи дурдасти Ховалинг даҳҳо хонанда ба мактабе барои таҳсил рафтанд, ки бо кумаки соҳибкори маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Дар суҳбат бо ҳамкорамон Маҳмудҷон Раҳматзода ин соҳибкор изҳор намуд, ки мушкили омӯзгорони мактаб низ фаромуш нашудааст.
Омина Худойқулова дар озмуни забони англисӣ дар Лондон соҳиби медали тило шудааст.
Дар Форуми байналмилалии иқтисодӣ дар Кӯлоб 15 санади ҳамкорӣ имзо шудааст.
Сокини Кӯлоб Фирӯза Абдуллоева дар остонаи шурӯи соли нави таҳсил нороҳат аст.
Дар Тоҷикистон солҳост, ки баҳси харидани либосҳои мактабӣ идома дорад. Теъдоде аз волидон мегӯянд, мактабҳо бо ширкату корхонаҳои алоҳида шартнома доранду либоси ягона бисёр гарон ва хариди он барои хонаводаҳои серфарзанд миёншикан аст.
Баъди як гузориши Радиои Озодӣ аз 16-уми август дар бораи нопадид шудани ёдгорӣ ба хотири гиромидошти ёди сайёҳони хориҷӣ, ки дар ноҳияи Данғара кушта шуданд, рамзи оҳанин ба ҷояш баргашт.
Бунёди боғи хуч дар ноҳияи Мӯъминобод баҳсбарангез шудааст. Чанд сол пеш Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, ҳангоми сафараш ба ноҳия ба ҷангалбонҳо дастур дод, ки боғи хуч бунёд кунанд. Пас аз бунёди боғ раиси ноҳия дар пайи эътирози додситон онро ғайриқонунӣ дониста, қарорашро бекор кардааст.
Афроде, ки дар Тоҷикистон ба ҷамъоварии писта машғуланд, имсолро соли фаровонии ин навъи мевагӣ медонанд.
Саҳми шаҳри саноатии Норак дар таҳияи буҷаи вилояти Хатлон кам карда шуд, зеро он натавонист, нақшаҳои пешинаро ба иҷро расонад.
Ёдгорие, ки дар ҳудуди ноҳияи Данғара ба хотири эҳтиром ба сайёҳони кушташудаи хориҷӣ гузошта шуда буд, нопадид гаштааст.
Садҳо нафар дар Ховалинг, ки бо даст тило ҷустуҷӯ мекарданд, бо фишори соҳибони ширкатҳои заршӯӣ, кори худро тарк кардаанд.
Теппаи маъруф дар Бохтар, Қурғонтеппаи собиқ, ки макони тамошои сайёҳон ва сокинон аст, сӯрох шудааст ва бинои осорхонаи он дар ҳолати садамавӣ қарор дорад.
Дар деҳаи навбунёди Тутаки ноҳияи Ховалинг натиҷаи ваъдаи ҳукумат ва соҳибкоронро метавон шоҳид шуд.
Майдони парчаме, ки Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, даҳ моҳ пеш дар ноҳияи Мӯъминобод боз карда буд, ба партовгоҳ табдил ёфтааст.
Аслиддин Достиев, хабарнигори тоҷик, ки бо нашри мақолаҳои интиқодиаш дар матубот шинохта мешавад, шоми 8-уми август дар синни 64-солагӣ дар бемористони вилоятии Кӯлоб даргузашт.
Як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кадуҳое парвариш кардааст, ки як донааш то 50 кило вазн дорад.
Ёфтҳои бештар