Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Бо гузашти ду рӯз аз офати табиӣ дар Ваҳдат сокинон мегӯянд, аз кӯмакҳои аввалия бархурдор нашудаанд. Ба гуфтаи сокинони ҷамоати Чуянгарон онҳо аз зумраи нафароне ҳастанд, ки ин шабу рӯз ба кӯмак бештар ниёз доранд.
То оғози мавсими таҳсил рӯзҳои башумор мондааст. Дар Тоҷикистон ҳудуди 4 ҳазор мактаб аст, ки дар онҳо бештар аз 2 миллион таҳсил мекунанд. "Озодӣ" аз мардум пурсид, ки мехоҳанд фарзандонашон дар кадом мактаб таҳсил кунад ва чаро? Оё имкони дар мактабҳои пулакӣ гузоштани фарзандашонро доранд?
"Раисони идораҳо иштирок доштанд", "омодагӣ беҳтар буд", аммо "монеаҳо ҳам ҷой доштанд". Бардошти хабарнигорони тоҷик аз нишастҳои матбуотии имсола чунин аст.
Гурӯҳе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ бо ирсоли як муроҷиатнома аз Кумита оид ба корҳои дини Тоҷикистон хостаанд, рӯҳониён дар пешгирӣ аз муносибати бад бо ҳайвонот саҳми худро гузоранд.
Дар ҳоле ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва фаъолони ҷомеа аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар дар кишвар беҳтар шудааст.
Дар ҳоле, ки нигаронии созмонҳои байналмилалӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ аз зери по шудани ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ҳарчӣ бештар садо медиҳад, Омбудсмени тоҷик баръакс мегӯяд, дар соли 2023 вазъи риояи ҳуқуқи башар беҳтар шудааст.
Зафар Қодирзода, додраси собиқи Додгоҳи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба сохткорӣ ва суистифода аз мансаб гунаҳкор карда, бо беш аз 70 ҳазор сомонӣ ҷарима раҳо намудаанд. Ӯ моҳи декабри соли гузашта додраси вилоят таъин ва баъд аз чор моҳ боздошт шуд.
Дар шаш моҳи соли ҷорӣ 2 додраси додгоҳҳои Тоҷикистон бо ҷурми фасодкорӣ ва сӯйистифода аз мақом боздошт шудаанд.
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини раиси "Ориёнбонк"-ро пас аз ҳудуди ду моҳ пайдо карданд. Юсуф Раҳмон, Додситони кулли Тоҷикистон рӯзи 15-и август зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев ду рӯз қабл дар ҳудуди шаҳри Панҷакент пайдо шуд.
Ҷасади Шӯҳрат Исматуллоев, собиқ муовини раиси "Ориёнбонк"-ро пас аз ҳудуди ду моҳ пайдо карданд.
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, тормози мошини борбаре, ки дар шаҳри Кӯлоб ба садама дучор гардид, қаблан ҳам мушкил пайдо карда будааст. Дар садамаи рӯзи 6-уми август дар Кӯлоб беш аз 20 нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд.
Нақшаи қабули донишҷӯён ба мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси Тоҷикистон дар соли 2023 ҳамагӣ 53 дарсад иҷро шудааст. Ин оморро Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, раиси Маркази миллии тестӣ, рӯзи сеюми август дар нишасти хабарии ин ниҳод эълон кард.
Аз аввали соли ҷорӣ то ҳол бо вуҷуди гуфтугӯҳои пайҳами мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон, аломатгузории хати марз миёни ду кишвар сурат нагирифтааст. Дар ин муддат гурӯҳои кории ҳарду ҷониб 7 бор мулоқот кардаанд, вале ҷузъиёти он маълум нест.
Иқболи Неъматулло, собиқ мудири маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ҳангоми кор дар ин мақом бо иттиҳоми ришвахориву сӯистифода аз вазифа боздошт гардид, бо пардохти танҳо се ҳазор сомонӣ бештар аз маблағе, ки ҳамчун пора гирифта буд, раҳо шудааст.
Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки пас аз ду моҳ овардани мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 ба Тоҷикистон манъ мешавад.
Ёфтҳои бештар