Аз моҳи декабри соли 2018 дар дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе кор мекунад. Дар гузашта хабарнигори нашрияи "ИмрӯзNews" ва Оҷонси иттилоотии "Озодагон" буд. Хатмкардаи факултаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.
Намояндаи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо се рӯзноманигори зиндонӣ мулоқот карда, шикояти онҳоро шунидааст.
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ширкати "Ёқут--2000"-умро вазифадор кард, то ба ҷавоне, ки аз беэҳтиётии сохтмончиёни ин ширкат маъюб шудааст, сад ҳазор сомонӣ ҷуброн пардозад.
Як сокини ноҳияи Дарвоз иддао дорад, ки муфаттишони додситонии ин ноҳия ӯро зери фишор қарор додаанд, то дар бораи пора додан ба раиси додгоҳ ва раиси Шӯъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия шаҳодат диҳад.
Қарори манъи вуруди мошинҳои истеҳсолашон то соли 2013 вокунишҳои ҳархеларо ба миён овард. Баъзеҳо онро муҳим хонданд, вале бархи дигар зиёновар.
Мақомоти Тоҷикистон тасмим доранд, ки аз соли оянда дигар мошинҳои кӯҳнаро ба Тоҷикистон роҳ надиҳанд. Бар асоси тарҳи қароре, ки таҳия шудааст, аз соли 2024 танҳо воридоти мошинҳое ба Тоҷикистон иҷоза дода хоҳад шуд, ки аз соли 2013 ба ин тараф истеҳсол шудаанд.
Аз ҳамлаи Русия ба Украина беш аз 500 рӯз мегузарад. Русия дар ин ҷанг чӣ мехоҳад ва Украина чӣ мегӯяд? Кадоме ба мақсадаш наздиктар аст? Мардум ахбори ҷангро аз кадом манбаъҳо дастрас мекунанд? Хабарнигорони "Озодӣ" бо ин суолҳо ба сокинони Душанбе муроҷиат карданд. Онҳо чӣ посух доданд?
Тоҷикистон содироти сементро ба хориҷи кишвар манъ кардааст. Манъи содироти семент дар як номаи Хадамоти гумрук ба зерсохторҳои минтақавии он зикр шудааст.
Акбаршо Ҷонаков бори дуввум аст, ки беҳуш шуда меафтад. Дарди дил ин сокини 66-солаи шаҳри Душанберо ба чунин ҳол овардааст. Ӯ 13 сол боз гирифтори бемории қалб аст.
Дар Тоҷикистон аз гармии тоқатфарсо ва эҳтимоли хокбориш ҳушдор дода, аз беморони дил хостаанд, ки худро эҳтиёт кунанд. Расман беш аз 219 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гирифтори касалии дил ё қалб ҳастанд. Солҳои охир марг аз сактаи қалбӣ ҳам афзуда. Чаро дили тоҷикон сусту осебпазир шудааст?
Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст, чунки рӯзгори онҳо ба пули муҳоҷирон бастагӣ дорад.
Рубли русӣ дар Тоҷикистон дар се ҳафтаи ахир рӯ ба уфт аст. Агар он дар аввалҳои июн ҳазор рубл баробар бо 125 сомонӣ буд, акнун ин маблағ дар бонкҳои тиҷорӣ 115-119 сомонист. Коҳиши тавоноии рубл қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст.
Баъд аз камтар аз як моҳи дигар муҳлати барҳамдиҳии "Тоҷпромбонк" ба охир мерасад. Дар гузашта додгоҳ чанд дафъа ба масъулони муввақатии бонк фурсат дода буд, ки мушкили муштариёнро ҳал кунанд.
Идораи Омбудсмен ё Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон аз кори сомонаҳои додгоҳҳо ва дигар вазорату идораҳои давлатӣ интиқод намудааст. Ин ниҳод дар гузориши солонаи худ, бар асоси як мониторинге, ки анҷом додааст, гуфтааст, "сомонаҳои аксар мақомоту идораҳо ба талабот... мутобиқ нестанд.
Сокинон дар Тоҷикистон на ҳамеша метавонанд назари худро дар бораи он чӣ, ки барояшон писанд нест, бигӯянд. Ҳарчанд мардум роҷеъ ба масоили гуногун гуфтаниҳое доранд. Хабарнигорони "Озодӣ" дар хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки дар шароити ҳозира ба онҳо чӣ писанд аст ва чӣ писанд нест.
Як пажӯҳиши Кумитаи омори Тоҷикистон маълум намудааст, ки харҷи хонаводаҳо аз даромадашон бештар аст. Бар асоси ин тадқиқот, дар соли 2022 даромади миёнаи як нафар 755 сомонӣ, вале хароҷот каме бештар аз 855 сомонӣ будааст. Пажӯҳиши мазкурро Кумитаи омор соли равон нашр кард.
Як пажӯҳиши Кумитаи омори Тоҷикистон маълум намудааст, ки дар кишвар хонаводаҳо нисбат ба даромадашон харҷашон бештар аст. Бар асоси ин тадқиқот, дар соли 2022 даромади миёнаи пулӣ ба cари ҳар нафар 755 сомонӣ, вале хароҷот каме бештар аз 855 сомониро ташкил медиҳад.
Дар Тоҷикистон назарҳо ба қонуни нави Русия, ки даъват шудани маҳбусонро ба хидмат дар артиши ин кишвар ё ширкати онҳоро дар ҷанг заминаи ҳуқуқӣ медиҳад, гуногунанд. Махсусан аз пайомадҳои ин қонун барои муҳоҷирони меҳнатии тоҷик изҳори нигаронӣ мешавад.
Даҳҳо талабгори ҳаҷҷи фарзӣ рӯзи 22-юми июн дар назди Кумитаи дини Тоҷикистон ҷамъ омаданд.
Вакилони парлумони Тоҷикистон аз тарҳи қонуне ҷонибдорӣ намудаанд, ки бар асоси он гурӯҳе аз маҳбусон баъди раҳоӣ аз зиндон, расман зери назорати пулис қарор мегиранд. Вакилон ҳадаф аз қабули ин тарҳро пешгирӣ аз содир намудани ҷиноятҳо миёни маҳбусони собиқ арзёбӣ намуданд.
Ёфтҳои бештар