Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Дастаи футболи “Файзканд” дар ноҳияи Восеъ, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд, пароканда шудааст.
Дастаи футболи "Файзканд" дар ноҳияи Восеъ, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ карда буд, пароканда шудааст. Бозигарони даста ва масъулони ин бошгоҳи футбол мегӯянд, далели пош хӯрдани даста наёфтани сарпараст аст.
Дар Фархор ягона кинотеатрро дар ин ноҳия вайрон карданд. Мақомот ваъда додаанд, ки толори нави синамо бунёд мешавад, аммо маълум нест, ки кай. Дар 15 соли охир ҷойи толорҳои синаморо дар гӯшаҳои кишвар мағозаву маконҳои дигар гирифтанд.
Масъулони Донишгоҳи Давлатии Кӯлоб гуфтанд, соли гузашта 25 дарсад нақшаи қабули донишҷӯён иҷро нашуд ва чанд барномаи онҳоро ба таъхир андохт. Аз ҷумла пайваст шудани биноҳои Донишгоҳро ба шабакаи гармидиҳӣ.
Аксари намояндагони мақомоти интизомӣ дар Кӯлоб имсол аз суҳбати рӯ ба рӯ бо рӯзноманигорони маҳаллӣ даст кашиданд.
Бо гузашти як ҳафта аз анҷоми нишастҳои хабарии мақомот хабарнигорон аз натиҷаи онҳову бардошти худ мегӯянд. Дар байни хабарнигорони Кӯлоб ин масъала бисёр баррасӣ мешавад, ки чаро баъзе аз мақомоти муҳим, аз ҷумла раёсати корҳои дохилӣ бо вуҷуди амри раиси ҷумҳур нишасти хабарӣ баргузор накарданд.
Як сокини шаҳри Кӯлоб шикоят дорад, ки чор моҳ боз мақомот дуздони хонаи ӯро пайдо намекунанд.
Як сокини шаҳри Кӯлоб шикоят дорад, ки чор моҳ аст мақомот дуздони хонаи ӯро пайдо намекунанд. Моҳи октябр шахсони ношинос ба манзили Маҳтобӣ Зоирова даромада ба гуфтаи худаш бо маблағи қариб ним миллион сомонӣ пул ва тилловориро ғорат карданд. Мақомот мегӯянд, дуздонро ҷустуҷӯ доранд.
Дар ҳоле ки камбуди нерӯи барқро дар кишвар, аз ҷумла ба сатҳи об бастагӣ медиҳанд, раҳбари нерӯгоҳи Норак мегӯяд, захираи обанбори Норак аз гузашта бештар аст. Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ аз ин неругоҳ.
Додгоҳи ноҳияи Восеъ Алихон Худоёрзода, муовини собиқи раиси ин ноҳияро бо айби “баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ” ба шашу ним соли зиндон маҳкум кард.
Як сол баъди боздошти муовини раиси ноҳияи Восеъ дар ҷануби Тоҷикистон ахиран ҳукми додгоҳи ӯ содир шуд. Ӯро бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати мансабӣ ба шашуним соли зиндон маҳкум карданд.
Бошандагони Кӯлоб аз зиёд шудани сагҳои дайду ё велгард шикоят мекунанд. Чунин сагҳо ба қариб 800 нафар, аз ҷумла як кӯдак ҳамла карда, ба сиҳатии онҳо осеб расонидаанд.
Мақомоти Кӯлоб мегӯянд, барои бозсозии пуле, ки дар ноҳияи Восеъ ҳангоми гузаштани мошини гаронвазн шикаста буд, беш аз як миллион сомонӣ зарур аст.
Мақомот гуфтаанд, ки барои пуле, ки ҳангоми убури як мошини гаронвазн дар ноҳияи Восеъ шикаста буд, як миллион сомонӣ зарур аст.
Расо ду ҳафта мешавад, сокинони деҳае дар ноҳияи Восеъ ба мушкили рафтуомад, рӯ ба рӯ ҳастанд. Пуле, ки аз он мардум худро то шоҳроҳи асосӣ мерасонданд, дар зери мошини гаронвазне ду тақсим шуд. Маҳмудҷон Раҳматзода ба ин маҳал рафт.
Дар шаҳри Кӯлоб бисёр сокиноне, ки аз субҳи барвақт аз паи кору ташвиши худ мешаванд, бо мушкили набуди истгоҳҳои маданӣ барои нақлиёти мусофирбар рӯбарӯ мешаванд.
Маҳтоббӣ Маҳмудоваи 50-сола дар наздикии Раёсати корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб даст ба худкушӣ задааст.
Дар Кӯлоб парвандаи ғайриоддиеро таҳқиқ мекунанд, ки бо фоҷеа анҷомидааст. Зане дар назди идораи полиси шаҳр даст ба худкушӣ задааст. Иттиҳом ин будааст, ки гӯё ӯ бо истифода аз акси духтараш бо марде дар Русия робита барқарор намуда, аз ӯ пул гирифтааст.
“Занонро бас бувад ин як ҳунар, ки шинанду зоянд шерони нар”. Аксаран онҳое, ки донишманд будани духтаронро зарур намедонанд, бо шарҳи нодурусти ин мисраи Фирдавсӣ мехоҳанд, собит кунанд, ки назарашон дуруст аст. Вале заноне, ки ҷабри чунин ақидаро мекашанд, мегӯянд, ин иддао комилан хато аст.
“Духтарро чиву хонданаш чӣ”, “Занонро бас бувад ин як ҳунар, ки шинанду зоянд шерони нар”. Аксаран онҳое, ки таҳсил кардану донишманд будани духтаронро зарур намедонанд, бо чунин иддаову шарҳи нодурусти ин мисраи Фирдавсӣ мехоҳанд, собит кунанд, ки назару мавқеашон дуруст аст.
Ёфтҳои бештар