Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Субҳони Аҳмадҷон, сокини 23-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, баъд аз тақрибан ду моҳи хидмат дар артиш бо билети ҳарбӣ ба хона баргашт, аммо хушҳол нест.
Субҳони Аҳмадҷон, сокини 23-солаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, баъд аз тақрибан ду моҳи хидмат дар артиш бо билети ҳарбӣ ба хона баргашт, аммо хушҳол нест. Мегӯяд, аз дарди рӯда ва сутунмӯҳра азият мекашиду бе санҷиш ба сарбозӣ бурда шуд ва ҳоло вазъи саломатияш бадтар гардидааст.
Ба чор оилае, ки дар садамаи маргбори моҳи августи соли 2023 дар Кӯлоб хонаҳояшонро аз даст дода буданд, манзили нав додаанд. Мақомоти Хатлон рӯзи 4-уми январ дар эъломияе гуфтанд, ки чор хонаро ҳукумати вилоят, шаҳрдории Кӯлоб, масҷидҳо ва ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ сохтанд.
Муфаттишон дар вилояти Хатлон таҳқиқ доранд, ки мошини хидматии раиси намояндагии "Амонатбонк" дар ноҳияи Восеъ дар назди хонааш худ оташ гирифт ва ё касе барқасдона сӯзонд. Ҳодиса шаби 26 ба 27-уми декабри соли 2023 рӯй додааст.
Дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон мошини хидматии сардори “Амонатбонк” оташ гирифтааст. Ҳоло маълум нест, ки ҳодиса тасодуфӣ аст ё амали барқасдона. Сӯхтори мошинҳои хидматии мансабдорон бори аввал нест.
Дар таътили зимистонаи мактаббачаҳои тоҷик наврасону хурдсолонро дар Кӯлоб барои тамошои як намоишномаи кӯдакона ба театр даъват кардаанд. Дар чанд соли охир бори аввал аст, ки барои кӯдакон дар Кӯлоб намоишномаи махсус пешниҳод мешавад.
Роҳбарияти бозор мегӯяд, ки баъди бартараф кардани камбудҳо, дарҳои бозор дубора боз шуд.
Бозори "Ҳулбук"-и ноҳияи Восеъ, яке аз калонтарин бозорҳо дар минтақаи Кӯлоб пас аз танаффуси якмоҳа боз аз мардум пур шуд.
Дар шаҳри Кӯлоб баъзе роҳҳое, ки ҳамагӣ ду-се сол пеш мумфарш шуда буданд, дубора хароб мешаванд. Аз ҷумла роҳи марказии шаҳр дар хиёбони Исмоили Сомонӣ. Ҳар рӯз садҳо мошин аз бару болои ин роҳи нимавайрона равуо мекунанд. Чунин аҳволро метавон дар дигар гӯшаҳои шаҳр низ дид.
Ҳар сол садҳо ҳазор кас аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, то барои ҳалли душвориҳои зиндагии худ пул ба даст биоранд. Муҳоҷират рӯзгори бархеро беҳтар кардааст, аммо ҳолатҳое низ ҳаст, ки корҷӯёни тоҷик аз Русия ранҷуру маъюб бармегарданд.
Ҳар сол садҳо ҳазор кас аз Тоҷикистон ба Русия мераванд, то барои ҳалли душвориҳои зиндагии худ пул ба даст биоранд. Муҳоҷират рӯзгори бархеро беҳтар кардааст, аммо ҳолатҳое низ ҳаст, ки корҷӯёни тоҷик аз Русия ранҷуру маъюб бармегарданд. Илҳом Гулбеков, сокини шаҳри Кӯлоб, яке аз онҳост.
Тақсими мерос боис ба ҷангу душмании баъзе аз хоҳарону бародарон дар Тоҷикистон шудааст. Чаро?
Марги Раҷабгул Ғоибоваи 19-сола дар деҳаи Ғелоти ноҳияи Восеъ баҳсбарангез шудааст, чун рӯзи 8-уми декабр додситонӣ иҷозаи дафни ӯро надод. Сабаб он будааст, ки хонавода бе огаҳ кардани мақомот аз зоҳиран худкушии духтар, хостаанд, ӯро бигӯронанд.
Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст.
Як бинокори 21-сола аз ошёнаи ҳаждаҳуми сохтмоне дар шаҳри Кӯлоб ба замин афтода ҷон бохтааст. Маркази тиҷоратии Кӯлобро ширкати “Комил-2010” месозад. Бар асоси санадҳо, ширкат ба номи Сиёвуш Зуҳуров, яке аз писарони Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа ва қудои президенти Тоҷикистон, сабт шудааст.
Дар шаҳри Кӯлоб бо ҳадафи таъмини сокинон бо оби ошомиданӣ ба сохтмони 18 обанбор оғоз кардаанд.
Пайвандони наваскаре аз ноҳияи Шамсиддини Шоҳин иддао доранд, ки фарзандашон бемории ҷиддӣ дорад ва бо ин вуҷуд ӯро ғайриқонунӣ ба артиш бурдаанд. Додситонии ҳарбии Кӯлоб гуфт, даъвои хонаводаи сарбозро месанҷад.
Ёфтҳои бештар