Аз соли 2015 хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб. Рӯзноманигориро соли 2009, замони донишҷӯйӣ, оғоз кардааст. Хабарнигори нашрияи мустақили "Пажвок" ва намояндаи ҳафтаномаи "Фараж" дар Кӯлоб буд.
Китобхонае дар Кӯлоб макони оромиши як зиндонии собиқ шудааст, ки солҳо боз кор пайдо намекунад.
Як ҳафта баъди сар задани баҳси тахриби ду макони кори тоҷирон дар бозори “Саховат”-и шаҳри Кӯлоб, рӯзи 6-уми ноябр савдогарони норозӣ аз ин тасмим пароканда шуданд.
Гурӯҳе аз тоҷирони бозори “Саховат”-и Кӯлоб ба тасмими масъулони бозор эътироз доранд. Аз онҳо хоста шудааст, ки ҳарчи зуд нуқтаи савдоро холӣ кунанд. Тоҷирон мегӯянд, бозор ягона манбаи даромади онҳо аст ва ҳоло ба куҷо бираванд ва рӯзии худу фарзандонро ёбанд.
Ба иттилои расмӣ, тасодуф ё садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон афзоиш ёфта, рӯзе нест, ки дар роҳҳо як нафар ҳалок нашавад.
Бино ба арқоми расмӣ, садамаҳои нақлиётӣ дар Тоҷикистон ба таври бесобиқа афзоиш ёфтаву ба гуфтаи мақомот, рӯзе нест, ки дар роҳҳо як нафар ҳалок нашавад. Аз ҷумла дар шаҳри Кӯлоб сокинон ҳар бор бо тарсу эҳтиёти зиёд аз роҳ мегузаранд.
Ду маъмури милисаро дар ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ба гумони латукӯби сокини ноҳия Нурмуҳаммад Абдурасулов дастгир кардаанд.
Беобӣ боғи Искандар Исмоиловро ба нобудӣ мекашонад. Боғи ӯ дар ҷамоати Зарбдори Кӯлоб ҷойгир аст ва имсол камбуди об ҷиддӣ шудааст. Аз ин сабаб пахтаи қариб расида нобуд шуд ва ба ҷойи фоида зарар овард.
Дар Кӯлоб мақомоти назоратӣ санҷиши дорувориҳоро анҷом дода ва даҳҳо доруфурушро барои фурухтани доруҳои куҳна ва ё пастсифат ҷарима бастаанд. Баъди анҷоми тафтиш садҳо килограм аз ин доруҳоро оташ заданд ва Маҳмудҷон Раҳматзода ҳамкори мо дар Кулоб ҳам дар онҷо буд.
Мансабдорон дар Тоҷикистон мегӯянд, баъди ба қудрат расидани гуруҳи "Толибон" дар Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ба кишвар бештар шудааст. Ҳокимони нави Кобул баръакс иддао доранд, ки кишту тавлиди маводи мухаддирро дар ду соли охир кам кардаанд.
Як зан дар ноҳияи Восеъ келинашро ташвиқ менамояд, ки ба рассомӣ машғул шавад ва ӯро барои муаррифии наққошиҳояш дар озмунҳо ҳамроҳӣ мекунад.
Баъди дубора ба қудрат расидани Толибон, Тоҷикистон шумораи дидбонгоҳҳоро дар сарҳад бо Афғонистон бештар кардааст.
Додситонии ноҳияи Восеъ як корманди милисаро бо иттиҳоми ҳамла ва захмӣ кардани сокини маҳаллӣ боздошт кардааст. Лейтенанти калон Умедҷон Аминҷонзодаи 24-сола нозири минтақавӣ будааст.
Яке аз пулҳое, ки аз болои он мошинҳои гаронвазн аз Чин ба Тоҷикистон молу маҳсулот меоранд, хатарнок шудааст.
Масъулони Норак эълон карданд, ки обанбори нерӯгоҳ то нуқтаи охирин пур шудаву оби зиёдатиро ба рӯдхонаҳо мерезанд. Ҳамин нерӯгоҳ асосан Тоҷикистонро бо барқ таъмин мекунад. Вале бо вуҷуди изҳороти мақомот, мушкили бебарқӣ дар фасли тобистон ҳам аз байн нарафтааст.
Бо боло рафтани сатҳи оби обанбори нерӯгоҳи барқии Норак об аз он хориҷ мешавад. Ҳоло дар ин обанбор ба сатҳи зарурӣ об ҷамоварӣ кардаанд.
Таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Бахтиёр Назарзода, шаҳрдори Кӯлоб аз мансаб ба фоидаи ширкати худ истифода мекунад, пули андозу барқро намесупорад, муассисаву хиёбонҳоро ба номи наздиконаш номгузорӣ кардааст.
Мушкилоти молӣ ва нагирифти музди кор сабаб шудааст, ки баъзе аз бозигарони қавиии дастаи "Файзканд" дар рақобатҳои муҳими даста ширкат накунанд.
Ёфтҳои бештар